Табрикот

Рӯзи фаромӯшнашавандаи 9 май – Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро мерасад. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем.
Дўстони азиз! Табрикоти манро ба муносибати яке аз идҳои бузурги ҳаётамон — иди Ғалаба қабул намоед! Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!

Иди пирўзӣ — Рўзи Ғалаба муборак!
image (6)

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий