Вобаста ба соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017

Имрузҳо дар саросари кишвар вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар мақомоту идораҳои давлатӣ аз ҷумла дар мақомотҳои судӣ мизи мудаввар ташкил карда шуда истодааст.Аз ҷумла суди шаҳри Роғун ин самтро дастгири намуда имрўз бо иштироки кормандони дастгоҳи суд ва намояндагони макомоту идораҳои шаҳри Роғун мизи мудаввар ташкил намудем.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти сањми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаолонаи онњо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат соли 2017 соли ҷавонон эълон карда шуд. Ба ҳамагон маълум аст,ки зиёда аз 60-70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо ҷавонон дар ҳар ҷае, ки бошем бояд ҳисси баланди милли дошта бошем,бо Ватан,миллат,давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоем ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем. Мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Дар баробари ин дар соҳаи макомоти судии кишварамон кисми зиёди ҷавонон баҳри таъмини адолати суди кору фаолият карда истодаанд аз ҷумла дар суди шаҳри Роғун бошад 70 % кор ва фаолият менамоянд,ки баҳри пешрафти ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати иҷтимои кору фаолият намуда истодаанд.
Ҳамчунин дар охир ҳаминро илова карданиям,ки баҳри амали гардонидани иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон тасмим гирифтем,ки донишу малака ва ахлоқу рафтори худро пайваста сайќал дода дар оянда ба куллоҳои баланди касби расида,дар рушду нумуи давлат саҳм гузошта бањри сулҳу суботи кишвар,баркарор намудани адолати иҷтимои ва ба амал баровардани адолати суди содиқона ва софдилона кору фаолият намоем.
Котиби м/с Самизода Ш.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий