Об манбаи ҳаёт

Об манбаи хаёт. Об манбаи хамаи мавҷудоти олам аст. Захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебой ва сарзабзиву озодагй мебахшад. Мо хуб огоҳем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази қитъаи бузурги Осиё ҷойгир асту аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Агар захираи оби Осиёи Миёнаро 100 фоиз гӯем, 55 фоизи онро Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои мамалакати мо захираи бузурги барфу пиряхҳо вуҷуд дорад. Миқдори пиряҳҳо 145,09 адад буда, масоҳати онҳо ба 111,46 км 2 баробар аст. Захираи умумии пиряхҳо ба 845 км3 баробар аст, ки 13 маротиба аз миқдори яксолаи оби ҷоришавандаи дарёҳои Тоҷикистон зиёд мебошад. Лекин таъғйирёбии иқлим гармшавии ҳарорат дар Осиёи Миёна ба захираҳои обии ин минтақа таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар натиҷаи гармшавии иқлим масоҳати пиряхҳо кам шуда истодааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сад соли охир масоҳатҳои пиряхҳои Тоҷикистон 30% кам гаштааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст. Агар сарчашмаи захираҳои нерӯи обро дар ҳудуди Ҷумҳурӣ дида бароем, чунин манзара ба назар мерасад: 62 фоиз дар ноҳияхои ҷанубу ғарб, (рӯдҳои Панҷу Вахш), 27 фоиз рўдҳои Бадахшон, 11 фоизаш ба рўдҳои ноҳияи шимол рост меояд, яъне захираи нерӯи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз минтақаҳо нобаробар ҷойгир шудааст. Инчунин дар мамлакат беш 1300 кӯлҳо, ки масоҳати умумии онҳо 705 км 2 баробар аст вуҷуд дорад. Дар ин кӯлҳо 43,6 км3 об захира гаштааст ва аз ин 20 км3 оби ошомаданиро ташкил медиҳад. Илова бар ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди оби зеризамини вуҷуд дорад, ки захираи умумии он 6,9 км3 /сол-ро ташкил медиҳад, ва аз он захираи самаранок истифода бурдашаванда, ки ба 2,5 км3 /сол баробар аст ва аксари обҳои зеризамини ошомиданӣ буда, ба талаботи санитарию беҳдоштӣ қонеъ мегардонад. Ҳамаи ин обҳо сарвати беинтиҳои кишварамон мебошад. Масъалаи оби тоза ва таъмини он ба аҳоли дар ҷаҳон яке аз проблемаҳои асри 21 мебошад, чунки аз нарасидани оби ошомадани ҳар сол дар ҷаҳон беш аз як миллиард аҳолии курраи замин ташнагӣ мекашанд ва аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион одамон вафот мекунанд ва зиёда аз даҳҳо миллион ба касалиҳои гуногун дучор мегарданд. Инчунин мушоҳидаҳо нишон медиҳад,ки то соли 2025 миқдори аҳолии курраи замин оиди танќиси кашидан аз оби ошомидани ба се миллиард мерасад.Рудҳои кӯҳи, обҳои маъданӣ ва чашмаҳои зулоли Тоҷикистон низ сарвати беинтиҳои кишварамон мебошад. Ҳоло дар ҷаҳон дар нерӯгоҳхои обии барқи 16%-и нерӯи барқи ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад ва пешсафони истеҳсоли қувваи барқ аз неруи об ин давлатҳо мебошанд, Хитой, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Зеландияи Нав, Австрия, Швейтсария, Венесуэла., Тоҷикистон низ имконияти хуби ба қатори ин давлатҳо шомил шуданро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираии умумии потентсиалии гидроэнергетики дорои 527 миллиард кВт соат дар як сол буда, дар ҷаҳон чойи ҳаштум мебошад. Бо дар назардошти ҳолатњои дар боло зикршуда ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст.
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст,ки ин иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдори намуда дар истифода намудани об масъул ва саҳмгузор бошем.

Котиби маҷлиси Садриддинзода Т.С.
судии суди шаҳри Роғун

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

1 комментарий к записи “Об манбаи ҳаёт”

  1. новости криптовалюты, актуальные курсы криптовалюты и прогнозы по росту биткоинами, эфириума.

    Blockchain MeetUp: «Инвестиции в криптовалюты для юридических и физических лиц: биржи, ICO, тренды индустрии»

    https://cryptocur.net

Оставить комментарий