Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст.

Каримов Исломиддин Салимович дар санаи 15-07-2016 сол тахминан соати 1100 дақиқа автомашинаи тамғаи Донг Финг,раками қайди давлатиаш 423 хв 03-ро дар шоҳрохи Ваҳдат,Рашт,Ҷиргатол вокеъ дар ҳудуди шаҳраки Оби-гарми шаҳри Роғун идора намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва аз руи конун бехатариро вайрон карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамгаи Мерседес Венс рақами қайди давлатиаш 28-38 АЕ 08 бар мехурад, дар натиҷа автомашинаҳо зарари техники мегиранд,ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 333 қисми 1 КҲМ ҶТ вайрон кардааст.
Каримов Исломиддин Салимович бо моддаи 333 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 120 (яксаду бист) сомонӣ таъин карда шуд.

v2zj5xkyzda

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий