Табрикот

Ин ватанро обрўю эътибор аз Ваҳдат аст.

Боиси хушнудист,ки имрўз мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дар арафаи 19-умин солгарди Ваҳдати миллй қарор доранд.Дар тули давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке рукнҳои асоси расидан ба ҳадафхои миллиамон ин созишномаи истиқрори сулҳ ризоияти миллй мебошад,ки бо кушишҳои зиёди Асосгузори Сулҳу Ваҳдат миллй, Пешвои Миллат сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидааст.Тавре Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалй Раҳмон зикр кардаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллй ду боли як иқбол ва ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд,ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд». Ҳаминаст,ки халқи бо ору номуси тоҷик имрўз таҳти сарварии роҳбари олии сиёсии худ бо такя ба нерўи созандаи мардуми бофарҳангу таҳаммулгар ватанамонро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонида,мақоми шоиставу арзандаи онро дар ҷомеаи мутамаддини башарй таъмин месозанд. Барои ҳар як миллате дар ҷаҳон мафҳуме пурарзиш бо номи «Ваҳдат» ҳамсанг ва ҳампояи ҳувият,истиқлол,озодй,худшиносй ва ҳар арзиши дигаре мебошад,ки вуҷуди онро дар паҳнои ҳастй муяссар мегардонад ва маъно мебахшад.Шинохтан ва шиносонидани моҳияти ваҳдат, ҷамъбасти бадей ва фалсафии ин падидаи маънавй ва таърихй дар матни фарҳанги решадори миллй,дар сатҳ ва пояи нави фикрй,эътиқоди ва ҷаҳоншиносй аз муҳимтарин вазифаҳои суханварони муосири мо мебошад.
Чуноне,ки шоир Сайқал гуфтааст.
Ин ватанро обрўю эътибор аз Ваҳдат аст,
Кишвари озодаи доимбаҳор аз Ваҳдат аст.
Парчами мо бар сари мо ҳамчу тоҷи офтоб,
Тоҷикистонро аз ин ру ифтихор аз Ваҳдат аст.
Халқи моро якдигарфаҳми ба ҳам оварда аст,
Ин ҳама осудаги авҷу барор аз Ваҳдат аст.
Ҳар куҷо ру овари пурбору сархам боғҳо,
Меваҳои шаккарину шаҳдбор аз Ваҳдат аст.
Халқ дар оғуши Ваҳдат комрони мекунад.
Ҷашни фирузии мо дар ҳар канор аз Ваҳдат аст.
Сайқал аз меҳру вафо мо посдори Ваҳдатем,
Чунки шаҳди зиндаги андар диёр аз Ваҳдат аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда,ман шахсан аз номи худ ва аз номи кормандони суди шаҳри Роғун кули кормандони ҳокимияти судй ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии 19-умин солгарди Ваҳдати миллй табрик намуда ба ҳамаи Шумо хонаи обод,фазои озод,баракати рузғор,нерўи созанда,сулҳу ороми,тансиҳати ва дар фаъолияти кориатон мувафақиятҳо орзумандам.
Иди Ваҳдат муборак ҳамватанони азиз!

Бо эҳтироми самими
Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Роғун
Самизода Ш.

Табрикот

Рӯзи Идома »

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Идома »

Сухани табрикотии Раиси Шӯрои адлия ба муносибати 16-умин солгарди таъсиёбии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сухани Идома »

Табрикот

Суди Идома »

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди шаҳри Роғун

Имрӯз, Идома »

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз Идома »

Табрикот

Суди шаҳри Идома »

Муносибати давлату дин дар шароити ҷаҳонишави

Мутобиқи Идома »

Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 21 солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_5978Имрўз Идома »